Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ҶОМИ «ИСТИҚЛОЛ»-2026 ИФТИТОҲ ГАРДИД!

20.05.2026 13:20

Бори аввал бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ташаббуси роҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» мусобиқаи байналмилалии футбол миёни наврасони то 12-сола такшил карда шуд.

Имрӯз, 20 май маросими ифтитоҳи чорабинӣ дар варзишгоҳи "Истиқлол Арена" доир гардида, дар он роҳбарияти клуби футболи «Истиқлол», Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаҳои иштирокчӣ ва мухлисон ширкат намуданд.


Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки аз 25 майи соли 2024 инҷониб Рӯзи ҷаҳонии футбол дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки ин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид низ бо қабули қатъномаи махсус пазируфта шудааст.

Ин иқдом бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ҳамзамон Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Роҳбарияти бошгоҳи «Истиқлол» дар доираи ҳафтаи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол тасмим гирифт, ки чунин мусобиқаи дӯстона ва солимгардониро роҳандозӣ намояд, то кӯдакону наврасон имкони бештар барои рақобат, таҷрибаандӯзӣ ва рушди маҳорати худро пайдо кунанд.

Дар мусобиқа 8 даста аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок доранд:

 Ҷамъбасти мусобиқа 24 май дар назар аст.
Ғолибону иштирокчиён бо ҷом, медал, туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ мешаванд.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/36805

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/36815

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj