«Истиқлол» бо Иван Зотко шартнома баст
12.02.2026 18:30
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе хатти дифои худро бо ҷалби ҳимоятгари баландқомади украинӣ Иван Зотко тақвият дод.

Шартнома бо футболбоз то охири мавсим ба имзо расид. Иван Зотько, қадаш – 187 см, - қаҳрамон ва дорандаи Ҷоми Арманистон буда, таҷрибаи хуби байналмилалӣ дорад.
Ӯ дар чемпионатҳои Украина, Испания, Литва, Арманистон ва Қирғизистон ҳунарнамоӣ кардааст. То ҳоли ҳозир дар корномаи футболбозиаш дар 183 бозӣ иштирок намудааст. Дар ҳисоби худ 10 гол ва 3 паси головар дорад.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35412











.png)