«ИСТИҚЛОЛ» ВА ODDI — ҲАМКОРИИ НАВ!
12.11.2026 17:20
Клуби футболи «Истиқлол» ва бренди миллии либосҳои замонавию услубӣ oddi созишномаи ҳамкории техникиро ба имзо расониданд!

Тибқи созишномаи мазкур, ширкати oddi кормандони дастгоҳи идории клуби «Истиқлол»-ро бо либосҳои замонавӣ ва босифат таъмин намуда, барои ташаккули симои ягонаву муосири онҳо саҳм мегузорад.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ният доранд, ки ҳамкории худро дар оянда густариш дода, таъмини либосҳои расмӣ ва услубии ҳайати футболбозони дастаро низ ба роҳ монанд.
Ин ҳамкорӣ пайванди варзиш, услуб ва бренди миллиро боз ҳам тақвият бахшида, намунаи хуби дастгирии брендҳои ватанӣ ба соҳаи варзиш мебошад.
«Истиқлол» ва oddi — якҷо ба сӯи дастовардҳои нав!











