Ба тоҷикӣ  На русском In English 

МЕССИ ВА РОНАЛДУ — ДАР ДУШАНБЕ? «ИСТИҚЛОЛ» ВА TAS INTERNATIONAL СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСОНИДАНД

06.11.2026 17:00

Дастаи футболи «Истиқлол» ва ширкати байналмилалии сохтмонии TAS International шартномаи ҳамкории панҷсоларо ба имзо расониданд.

 

Маросими имзои қарордод бо иштироки директори генералии «Истиқлол» Шаҳзод Сулаймонов, директори генералии TAS International Обидҷон Обидзода, муассиси ширкати Tass International Олег Самсонов, ситораи синамои ҷаҳонӣ Стивен Сигал, футболбозони «Истиқлол», рӯзноманигорон ва блогерон баргузор гардид.

Тибқи шартнома, ба дастаҳои наврасон, ҷавонон ва ҳайати асосии «Истиқлол» бештар диққат зоҳир гардида, ҳамчунин баргузории бозиҳои дӯстона, ҷалби ситораҳои маъруфи ҷаҳонии футбол ва татбиқи як қатор лоиҳаҳои варзишӣ дар назар аст.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки ҷонибҳо барои даъвати яке аз ситораҳои бузурги футболи ҷаҳон ба Тоҷикистон, аз ҷумла Лионел Месси ё Криштиану Роналду талош хоҳанд кард.

Ҳамчунин, имкони баргузории бозии дӯстона миёни «Истиқлол» ва клуби «Зенит»-и Русия мавриди баррасӣ қарор дорад.

Аз дигар нақшаҳои ҷолиби ҳамкорӣ баргузории бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳон миёни дастаҳои расонаӣ дар Варзишгоҳи миллии Душанбе ва дигар чорабиниҳои варзишию фароғатӣ мебошад.

Тарафҳо изҳор доштанд, ки ҳадафи асосии ин ҳамкорӣ рушди футболи тоҷик, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/39811

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/39821

 

 
 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj