Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Ҷаласаи пеш аз оғози мусобиқоти лигаи Даъвати КФО баргузор гардид

16.10.2026 11:20

Дар арафаи оғози бозиҳои Лигаи Даъвати КФО ҷаласаи пеш аз мусобиқа бо иштироки намояндагони дастаҳои иштирокчӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, комиссарони мусобиқа ва дигар масъулон баргузор гардид.

Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими ташкиливу омодагӣ ба баргузории бозиҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ташкилию техникии мусобиқа табодули назар карданд.

Ҳамзамон, рангҳои либоси бозии дастаҳои рақиб барои вохӯриҳои дарпешистода мувофиқа ва муайян карда шуданд.

Дастаи футболи «Истиқлол» бозии аввали худро дар доираи мусобиқа  муқобили дастаи «Неҷеҳ»-и Лубнон бо либоси сафед баргузор мекунад.

Дар бозиҳои минбаъда бар зидди дастаҳои «Ал-Арабӣ» ва «Хомс Ал-Фида» футболбозони «Истиқлол» бо пироҳанҳои сурх ба майдон мебароянд.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/39377

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/39388

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj