Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
05.10.2026 09:20
Забони тоҷикӣ ганҷи бебаҳои миллат, оинаи таърих ва фарҳанги пурғановати тоҷикон мебошад.

Забон моро бо гузашта мепайвандад, имрӯзро муаррифӣ мекунад ва барои ояндаи миллат замина мегузорад.
Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон саломатӣ, хушбахтӣ, сулҳу оромӣ ва сарбаландӣ орзу менамоем.
Бигзор забони тоҷикӣ ҳамеша поку бегазанд, ҷовидону поянда ва мояи ифтихори ҳар як фарди тоҷик бошад!











