ИСТИҚБОЛИ ЧЕМПИОНҲО!
27.08.2026 20:01
ДАСТАИ АКАДЕМИЯИ «ИСТИҚЛОЛ» ПАС АЗ ҒОЛИБИЯТ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ AR CUP-2026 БА ДУШАНБЕ БАРГАШТ!
Наврасони дастаи моро дар фурудгоҳ роҳбарияти клуб, волидайни бозингарон, мухлисон, аъзоёни фан-клуби «Истиқлол» ва шумораи зиёди хабарнигорон пешвоз гирифтанд.
Хотиррасон менамоем, ки мусобиқаи AR CUP-2026 24-26 август дар шаҳри Алмато бо иштироки 12 дастаи Академияҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор гашт.
Дастаи «Истиқлол» дар бозии ниҳоӣ тими «Актобе»-ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуда, соҳиби Ҷом ва нишони заррин гардид.











