БОРОНИ ГОЛ ДАР «КОХИ ОЛИМП»!
26.08.2026 21:20
9:0! БО ЧУНИН НАТИҶА «ИСТИҚЛОЛ» РАҚИБИ ХУД - «АМОНАТБОНК»-РО ДУЧОРИ БОХТ НАМУД!

Баҳодур Хоҷаеви ботаҷриба «хет-трик» анҷом дода, Хосе Пахаро ба номи худ «дубл» сабт намуд. Ҳатто дарвозабон Кауан Дуарте бо як зарбаи нишонрас аз масофаи дур муаллифи гол гардид.
Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал
Даври 13-ум
«Истиқлол» - «Амонатбонк» - 9:0
Голҳо: Хосе Пахаро, 11 (1:0). Баҳодур Хоҷаев, 13 (2:0). Хосе Пахаро, 14 (3:0). Ҷони Рамирез, 18 (4:0). Ҳамид Сафари, 22 худгол (5:0). Баҳодур Хоҷаев, 24 (6:0). Ҷони Рамирез, 25 (7:0). Кауан Дуарте, 30 (8:0). Баҳодур Хоҷаев, 35 (9:0).
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Баҳодур Хоҷаев («Истиқлол»).
Сардовар: Абубакр Маҳмадов (Душанбе).
26 август. Душанбе. Маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»











