Ба тоҷикӣ  На русском In English 

НУРИДДИН ДАВРОНОВ ДАР ҚУРЪАКАШИИ ҶОМИ ДАЪВАТИ ОСИЁ ИШТИРОК МЕНАМОЯД!

18.08.2026 10:00

СОБИҚ ФУТБОЛБОЗИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА МУНТАХАБИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН НУРИДДИН ДАВРОНОВ БО ДАЪВАТИ КОНФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ОСИЁ ДАР МАРОСИМИ РАСМИИ ҚУРЪАКАШИИ ҶОМИ ДАЪВАТИ ОСИЁ-2026/27 ИШТИРОК МЕНАМОЯД.

Қуръакашӣ санаи 20 август дар қароргоҳи КФО дар Куала-Лумпур баргузор шуда, аз руи натиҷаи он рақибони 20 даста, аз он ҷумла рақибони тими «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳи маълум хоҳанд шуд.

 Тибқи қарори қабулнамудаи КФО дастаи «Истиқлол» мизбони яке аз гурӯҳҳои миинтақаи «Ғарб» буда, бозиҳо аз 17 то 23 октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд.

 Бар асоси натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ, ба даври баъдӣ аз минтақаи «Ғарб» ғолибони ҳамаи се гурӯҳ  ва як дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои дуюм роҳ меёбанд.

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj