Дастаи Академияи «Истиқлол» дар AR CUP-2026 иштирок мекунад!
17.08.2026 12:20
Дастпарварони Академияи футболи «Истиқлол» дар мусобиқаи байналмилалии кӯдаконаи AR CUP 2026, ки рӯзҳои 24–26 август дар шаҳри Алмато баргузор мешавад, иштирок менамояд.

Дар ин сафар дастаро директор оид рушди клуб Парвиз Қашқаров ва роҳбари Академия Нуриддин Давронов ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар доираи ин сафар инчунин як қатор вохӯриҳо бо намояндагони Академияҳои пешрафтаи футболи минтақа барои баррасии ҳамкориҳои минбаъда, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба нақша гирифта шудааст.
AR CUP-2026 на танҳо мусобиқаи варзишӣ, балки имконияти рушди робитаҳои байналмилалии Академияи «Истиқлол» хоҳад буд.











