Қувваи нав дар хатти ҳамла!
30.07.2026 19:57
Клуби футболи «Истиқлол» аз ба имзорасонии шартномаи навбатӣ дар равзанаи тобистона хабар медиҳад.

Ҳамлагари украинӣ Алексей Шебетун - бозигари нави даста гардид!
То гузариш ба «Истиқлол» дар дастаҳои «Динамо» (Киев), «Оболон», «Зимбру» (Молдавия), «Шауляй» (Литва) ва «Қизилкум»-и Узбекистон ҳунарнамоӣ кардааст.
Қадаш – 184 см. Ҳамлагари украинӣ омода аст, ки вориди майдон гардида барои пирӯзиҳои нав мубориза барад.
Хуш омадӣ, Алексей!











