«ҚАЙРАТ» - БАРАНДАИ ҶОМИ «ИСТИҚЛОЛ»-2026!
25.05.2026 20:20
ДАСТАИ АКАДЕМИЯИ ФУТБОЛИ «ҚАЙРАТ»-И ҚАЗОҚИСТОН ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶОМИ «ИСТИҚЛОЛ»-2026 ГАРДИД!

Имрӯз дар варзишгоҳи «Истиқлол Арена» мусобиқаи байналмилалии Ҷоми «Истиқлол»-2026, ки бо иштироки 8 даста ҷараён дошт, ба анҷом расид.
Дастаи наврасони «Қайрат» дар бозии финалӣ бар дастаи дигари қазоқистонӣ «Остона» бо натиҷаи 1:0 пирӯз гардида, ғолиби мусобиқа гардид.
Зинаи сеюм насиби дастаи «Динамо» шуд, ки дар бозӣ барои ба даст овардани нишони биринҷӣ бар наврасони «Истиқлол» бо ҳисоби 2:0 зафар ёфт.
Пас аз анҷоми бозии финалӣ, маросими бошукӯҳи ҷоизасупории дастаҳои иштирокчии мусобиқа, доварон ва ҳамчунин беҳтарин бозингарон доир гардид.
Бо иштироки роҳбарияти клуби футболи «Истиқлол» ва бозингарону мураббиёни ҳайати асосӣ, дастаҳо бо сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ, сару либоси варзишӣ ва тимҳои ҷоизадор бо Ҷом ва медал сарфароз гардонида шуданд.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37341
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37351
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37361
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37371











