Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ИШТИРОКИ ВИТАЛИЙ ЛЕВЧЕНКО ВА АЛИШЕР ҶАЛИЛОВ ДАР НИШАСТИ ХАБАРӢ!

22.05.2026 18:20

Виталий Левченко ва Алишер Ҷалилов дар нишасти хабарии пеш аз бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2026 муқобили «Регар-ТадАЗ» изҳор доштанд, ки даста танҳо барои пирӯзӣ вориди майдон мешавад.

«Дастаи мо ба бозии Суперҷоми Тоҷикистон омодааст. Ин вохӯрӣ нишон медиҳад, ки то куҷо тайёрӣ дидаем. Моро бозии душвор интизор аст, зеро «Регар-ТадАЗ» дастаи хуб ва муташаккил буда, дар гурӯҳи пешсафони чемпионати Тоҷикистон қарор дорад.


Барои пирӯз шудан дар чунин бозӣ тамаркузи баланд, ирода ва интизоми комил лозим аст. Рӯҳияи футболбозон хуб аст. Мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, то мухлисонро бо пирӯзӣ шод карда, аввалин ҷомро дар мавсим ба даст орем.

Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи мухлисонро барои дастгирии ҳарду даста ба варзишгоҳ даъват мекунам. Бовар дорам, ки моро бозии ҷолиб интизор аст», – гуфт Виталий Левченко.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37073?single

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj