Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Руйдоди таърихӣ: «Дар ИМА мактаби «Истиқлол» ифтитоҳ меёбад!

17.03.2026 14:31

Клуби футболи «Истиклол» бо ифтихор эълон менамояд, ки дар шаҳри Ню-Йорк-и ИМА мактаби футболи «Истиклол» ифтитоҳ мегардад!

Бо мақсади маъруф намудани футболи ватанӣ дар хориҷи кишвар ва тарбияи истеъдодҳои наврас, роҳбарияти клуби «Истиқлол» қарор қабул кард, ки мактаби кӯдаконаи худро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ифтитоҳ намояд.

Ин иқдом на танҳо кушодашавии як мактаби варзишӣ, балки рӯйдоди таърихӣ барои футболи Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Ифтитоҳи мактаби  футболи дастаи «Истиклол» дар  Нью-Йорк  дар ҷараёни баргузории чемпионати ҷаҳон-2026 ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз тамоми марҳилаҳои зарурии ташкилӣ ва омодагӣ барои оғози ин лоиҳа ба анҷом расонида шудаанд.

Таъсиси ин мактаб  як қадами муҳим дар роҳи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии футболи тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Лоиҳа ба рушди истеъдодҳои ҷавон, ки дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунанд, инчунин ба таҳкими робитаҳо бо диаспораи тоҷикон равона шудааст.

Интизор меравад, ки ин мактаб  аз рӯи низоми омодасозии футболбозоне фаъолият намояд, ки дар сохтори дастаи  “Истиклол” истифода мешавад ва ба майдоне барои дарёфт ва рушди футболбозони боистеъдод табдил ёбад.

Дар оянда шогирдони беҳтарин метавонанд фаъолияти худро ҳам дар низоми клуб ва ҳам дар дигар дастаҳои касбӣ идома диҳанд.

Ифтитоҳи ин боргоҳи варзишӣ  дар яке аз шаҳрҳои бузурги ҷаҳон як рӯйдоди муҳим на танҳо барои клуб, балки барои тамоми футболи Таджикистан хоҳад буд.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35826

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj