Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Боздиди намоягдаи ЮНИСЕФ аз дафтари кории «Истиқлол!

17.03.2026 17:30

Артур ван Дизен – намояндаи вижаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба дафтари кории клуби футболи «Истиқлол» ташриф овард.

Дар доираи ин сафар мулоқот бо директори генералии даста  Шаҳзод Сулаймонов ва дигар кормандони бошгоҳ сурат гирифт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро, ки ба дастгирии кӯдакон ва ҷавонон, рушди варзиши фарогир (инклюзивӣ) ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудаанд, баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки клуби футболи «Истиқлол» дар лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва фарогири кишвар фаъолона иштирок намуда, ба дастгирии кӯдакон, ҷавонон ва шахсони дорои маъюбият таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Намояндагони ЮНИСЕФ саҳми клубро дар рушди ташаббусҳои иҷтимоӣ ва истифодаи футбол ҳамчун воситаи тағйироти мусбати иҷтимоӣ баланд арзёбӣ карданд.

Артур ван Дизен таъкид намуд, ки футбол ва варзиш дар маҷмӯъ нақши муҳим дар ҷомеа дошта, яке аз воситаҳои асосии иҷтимоӣ гардидани инсон, махсусан барои шахсони дорои маъюбият ба шумор меравад.

Ба гуфтаи ӯ, ташаббусҳои варзишӣ ба муттаҳид сохтани одамон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ва ташаккули ҷомеаи фарогир мусоидат мекунанд.

Дар анҷоми мулоқот намояндаи ЮНИСЕФ роҳбарияти дастаи  «Истиқлол»-ро барои  иштирок дар шоми хайриявие даъват намуд, ки 12 июн баргузор мегардад.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкориҳои минбаъда миёни КФ «Истиқлол» ва ЮНИСЕФ ба рушди барномаҳои иҷтимоӣ, дастгирии кӯдакон ва таҳкими нақши варзиш ҳамчун воситаи тағйироти мусбат дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj