Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Таъин гардидани мураббии хориҷӣ дар Академияи «Истиқлол»!

10.03.2026 15:10

Роҳбарияти Академияи клуби футболи «Истиқлол» бо мутахассиси соҳибтаҷрибаи эронӣ Самад Ризоӣ шартнома ба имзо расонд.

Ӯ ба ҳайси мураббии калони Академияи клуб таъин гардид. Мутахассиси нав беш аз 10 сол таҷрибаи корӣ дар Академияҳои футболӣ дошта,  дорои иҷозатномаҳои мураббигии  КФО мебошад.

Дар рушди маҳорати техникӣ ва тактикии футболбозони ҷавон тахассус дорад. Дар давоми фаъолияти худ ӯ чандин бозигаронро омода кардааст, ки бо клубҳои Лигаҳои олии Эрон шартномаҳои касбӣ ба имзо расондаанд.

Ин таъинот як қисми стратегияи рушди КФ «Истиқлол» мебошад, ки ба навсозии низоми омодакунии футболбозони наврас  равона шудааст. Дар ояндаи наздик дар академия ва тамоми филиалҳои мактабҳои футболи клуб низоми ягонаи омӯзиши футболбозони ҷавон ҷорӣ карда мешавад.

 «Даъвати Самад Резоӣ қадами муҳим барои рушди Академияи мо мебошад. Мо бовар дорем, ки таҷрибаи ӯ барои ҷорӣ намудани методикаи муосири омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи академия мусоидат мекунад.

Клуб рушди Академияро пайваста идома дода, барои эҷоди низоми муосири омодасозии футболбозони ояндаи КФ «Истиқлол» талош менамояд», - изҳор дошт директори Академия Нуриддин Давронов пас аз имзои қарордод.

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj