Иштироки намояндагони «Истиқлол» дар семинари идоракунӣ!
21.02.2026 17:20
Дар доираи омодагӣ ба мавсими нав Лигаи футболи Тоҷикистон дар Душанбе барои намояндагони дастаҳои футболи кишвар семинари махсусро дар мавзӯи ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо баргузор кард.
Ҳамоиши таълимӣ имрӯз, 21 феврал дар меҳмонхонаи «Румӣ» баргузор шуд.
Машғулиятҳоро мутахассиси байналмилалӣ дар риштаи ҳуқуқи варзишӣ Ҳамид Некдастӣ (Эрон) гузаронд, ки таҷрибаи васеи кор бо дастаҳои футбол ва ташкилотҳои варзиширо дорад.
Ҷониби дастаи «Истиқлол»-ро дар ин семинар директор ва менеҷери клуб Шаҳзод Сулаймонов ва Абдураҳим Муҳаммадзода намояндагӣ намуданд.











.png)