«Истиқлол» бо ҳамлагари мунтахаби миллӣ шартнома баст!
04.02.2026 11:00
Бошгоҳи футболи «Истиқлол» бо футболбози ҷавон, аъзои мунтахаби миллии Тоҷикистон Далер Шарипов шартнома баст!

Пас аз гузаштани муоинаи тиббӣ, футболбози 21-сола ва даста то охири мавсими ҷории футбол шартномаро ба имзо расониданд.
Пеш аз гузариш ба «Истиқлол», Далер Шарипов дар Суперлигаи Ӯзбекистон дар дастаҳои «Металлург» ва «Шӯртан» ҳунарнамоӣ намуда буд. Нимаи дуюми мавсими гузаштаро дар ҳайати «Хуҷанд» паси сар кард.
Дар маҷмӯъ, ӯ 62 бозӣ дар сатҳи клубӣ анҷом дода, ба задани 5 гол даст ёфтааст. Ҳамчунин Далер Шарипов дар 5 бозии мунтахаби миллии Тоҷикистон вориди майдон гаштааст.
Хуш омадӣ ба «Истиқлол», Далер!
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35278











.png)