Виталий Левченко – сармураббии КФ «Истиқлол»!
03.02.2026 18:20
Дастаи футболи «Истиқлол» аз таъини Виталий Григоревич Левченко ба мансаби сармураббии даста хабар медиҳад!

Виталий Левченко қаблан низ роҳбарии тими «Истиқлол»-ро ба уҳда дошта, дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ бо даста муваффақиятҳои назаррасрро ба даст оварда буд.
Таҳти роҳбарии ӯ даста қаҳрамони Тоҷикистон гардида, кишварро дар Лигаи чемпионҳои КФО бомуваффақият ва арзанда намояндагӣ карда буд.
Левченко се мавсими охир дар тими «Нефтчӣ»-и Фарғона фаъолият дошт ва дастаро дар соли 2025 ба унвони чемпиони Узбекистон расонид.
Шартнома бо Виталий Григоревич то анҷоми мавсими-2026 ба имзо расонида шуд.
Роҳбарияти дастаи «Истиқлол» ба Виталий Левченко барори кор ва пирӯзиҳои навро дар якҷоягӣ бо даста таманно менамояд!











.png)