«Истиқлол» шартномаро бо Амирбек Ҷӯрабоев тамдид кард!
26.01.2026 16:10
Нимҳимоятгар Амирбек Ҷӯрабоев дар ҳайати «Истиқлол» боқӣ мемонад. Шартномаи нав бо узви тими миллии кишвар то охири мавсим баста шуд.

Беҳтарин бозигари Тоҷикистон-2025 дар мавсими гузашта дар ҳайати «Истиқлол» дар 25 бозӣ иштирок намуда, муаллифи 8 гол гардида, ба номи худ 3 партофти головарро сабт намуд.











.png)