Аввалин трансфери «Истиқлол» дар мавсими нав!
14.01.2026 19:56
Клуби футболи «Истиқлол» аз бастани аввалин шартномаи ҳамкорӣ дар мавсими нав хабар медиҳад!

Ба даста ҳимоятгари мунтахаби миллии кишвар Алиҷон Кароматуллозода баргашт, ки қаблан дар даста ҳунарнамоӣ мекард. Ӯ пас аз ду мавсим боз пироҳани «Истиқлол-ро» ба бар хоҳад кард.
Футболбоз бо талаботи клуб ва фазои дохили даста хуб шинос аст. Бозгашти ӯ барои тақвияти хати дифои даста дар мавсими дарпешистода пешбинӣ шудааст.
Тими «Истиқлол» бозгашти Алиҷонро истиқбол намуда, ба ӯ бозиҳои муваффақ ва пирӯзиҳои навро дар якҷоягӣ бо даста таманно дорад!











.png)