Ба тоҷикӣ  На русском In English 

НАВРАСОНИ АКАДЕМИЯИ «ИСТИҚЛОЛ» ҒОЛИБИ ДУ МУСОБИҚА!

13.12.2025 19:50

ДАР АКАДЕМИЯИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» МАРОСИМИ САРФАРОЗИИ ҶОИЗАДОРОНИ МУСОБИҚОТИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАШТ.

Дар чорабинӣ, ки бо иштироки роҳбарияти Академия, Федератсияи футболи Душанбе ва Лигаи наврасони Тоҷикистон доир шуд, дастаҳои ҷоизадор қадрдонӣ гардиданд. Дар мусобиқот  миёни наврасони то 12 сола, ки бо иштироки  10 дастаи ноҳияҳои тобеъи марказ  ҷараён гирифт, дастаи наврасони «Истиқлол» соҳиби ҷои аввал гаштанд.  Ҳамчунин дар мусобиқаи блитс, ки  дар шаҳри Турсунзода гузашт, наврасони Академияи мо дар ду сину сол соҳиби ҷойи аввал ва дуюм гаштанд. 

 Чи тавре Нуриддин Давронов, директори Академия иброз дошт, ин натиҷаҳо аз ояндаи хуби наврасон  гувоҳӣ медиҳад.

«Мо боз ҳам кушишу хайрати худро барои тарбияи футболбозони оянда дучанд намуда, дар ин масир  фаъолияти худро ҷоннок менамоем», - қайд намуд Давронов.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34797

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34805

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj