Марҳилаи плей-офф фаро расид!
11.12.2025 12:00
Дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон бозиҳои ду марҳилаи чемпионат ба анҷом расид.
Тибқи чадвали мусобиқа, дастаи «Истиқлол» бо касби 32 имтиёз дар зинаи дуюм қарор гирифт.
Ин натиҷа ба даста имкон дод, ки ба марҳилаи нимниҳоии даври плей-офф роҳхат гирад. Рақиби «Истиқлол» дар ин марҳила пас аз рақобатҳои ҷуфти «Соро компания» - КМВА маълум хоҳад шуд.











.png)