«АЛ-ЗАВРА» - «ИСТИҚЛОЛ»: ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗӢ ДОИР ГАРДИД
04.11.2025 17:10
ИМРӮЗ ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ ОСИЁ-2025/26 МИЁНИ ДАСТАҲОИ «АЛ-ЗАВРА» ВА «ИСТИҚЛОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД.

Дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, намояндагони дастаҳои «Истиклол» ва «Ал-Завра», инчунин дигар масъулин масъалаҳои баргузории рақобат баррасӣ шуд.
Мизбонони рақобат футболбозони «Ал-Завра» бо пироҳанҳои сафед ва дастаи меҳмон «Истиқлол» бо либосҳои сурх ба майдон мебароянд.
Хотиррасон менамоем, ки вохӯрии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2025/26 миёни дастаҳои «Ал-Завра»-и Ироқ ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон фардо, 5 ноябр, дар варзишгоҳи «Ал-Завра»- и шаҳри Бағдод баргузор мегардад. Оғози бози соати 21:00 бо вақти Душанбе.











.png)