АЛИШЕР ҶАЛИЛОВ БО МУВАФФАҚ ҶАРРОҲӢ ШУД!
07.10.2025 10:50
Китфи сарвони «Истиқлол»-и Душанбе ва нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Алишер Ҷалилов муваффақона ҷарроҳӣ карда шуд.
Капитани дастаи «Истиқлол» дар нимаи дуюми бозии даври дуюми Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 муқобили бошгоҳи «Гоа» (2:0) ҷароҳат бардошта, дар дақиқаи 75-ум иваз карда шуд.
Алишер Ҷалиловро дар Маркази тиббии «Шифо» бомуваффақият ҷарроҳӣ карданд. Барқароршавии ӯ ду моҳ давом мекунад.