«Истиқлол» барои бозӣ бо «Хуҷанд» ба вилояти Суғд омад!
17.06.2025 14:40
Баробари расидан ба вилояти Суғд, ҳайати клуби футболи “Истиқлол" дар меҳмонхонаи «Суғдиён» ҷойгир шуд.
Шоми имрӯз даста тамрини пеш аз бозиро баргузор менамояд. Ёдовар мешавем, ки вохурии «Хуҷанд» - «Истиқлол» фардо, 18 июн, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти ҶТ» баргузор мешавад. Оғози бози соати 20:00.