«ИСТИҚЛОЛ» ОМОДАГИРО БА БОЗӢ БО «РАВШАН» ШУРӮЪ КАРД
14.05.2025 18:20
ТИМИ «ИСТИҚЛОЛ» ОМОДАГИҲОЯШРО БА БОЗИИ САФАРИИ ДАВРИ 9-УМИ ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН БО ДАСТАИ «РАВШАН»-И КУЛОБ ОҒОЗ НАМУД.
Марҳилаи омодагии дастаи пойтахт дар қароргоҳи бошгоҳ воқеъ дар дараи Алмосӣ ҷараён гирифта то рӯзи 16 май идома меёбад. Дидори дарпешистода санаи 17 май дар варзишгоҳи «Кулоб-Арена» баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 19:00.