ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ!
09.05.2025 11:03
БОЗИГАРОН ВА МУРАББИЕНИ ТИМИ «ИСТИҚЛОЛ» ХОТИРАИ ҶАНГОВАРОНИ СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИРО ПОС ДОШТАНД!
Субҳи имрӯз, бозигарон ва ситоди мураббиени КФ «Истиқлол» ҳамроҳи дастаи футзал ба Боғи Ғалабаи пойтахт ташриф оварда, хотираи қаҳрамонони ҷанги Бузурги Ватанро гиромӣ доштанд.
Ба поси хотираи афсарон ва сарбозоне, ки дар ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 ҷони худро нисор кардаанд, ҳайати даста дар назди «Оташи ҷовидон» гул гузошта, хотираи онҳоро бо дақиқаи хомушӣ гиромӣ доштанд.
Едовар мешавем, ки аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба фронт фиристода шуданд, ки беш аз 92 ҳазор нафари онҳо ба Ватан барнагаштанд. Беш аз 50 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд, 57 нафари онҳо ба унвони қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шудаанд.
ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДАААСТ!