ДИДОРИ АВВАЛИН ДАР ЛИГАИ ОЛӢ!
01.05.2025 13:50
РӮЗИ 3 МАЯ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР ДАВРИ 7-МИ ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ДАСТАИ «ХУЛБУК»-РО ҚАБУЛ МЕНАМОЯД.
Ин бозии аввалини дастаҳо дар Лигаи олии чемпионати кишвар ба ҳисоб меравад. Қабл аз ин, «Истиқлол» ва «Ҳулбук» дар мавсими-2019 дар марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ҳам неру санҷида буданд.
Бозии аввал, ки 1 октябр, дар Душанбе баргузор шуд, бо натиҷаи 5:0 ба поён расид ва дар ин вохурӣ Муҳаммадҷон Раҳимов «покер» анҷом дод.
Санаи 1 ноябр дар ноҳияи Восе вохурии ҷавобии дастаҳо бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид.