САЛОХИДДИН ИРГАШЕВ БА ЧЕМПИОНАТИ БЕЛОРУССИЯ ГУЗАШТ
05.03.2025 12:50
ФУТБОЛБОЗИ ҶАВОН САЛОҲИДДИН ИРГАШЕВ КОРНОМАИ ФУТБОЛИИ ХУДРО ДАР ЧЕМПИОНАТИ БЕЛОРУССИЯ ИДОМА МЕДИҲАД.
Тими «Арсенал»-и шаҳри Дзержинск, ки соли гузашта мақоми 10-умро дар чемпионати Белоруссия ишғол карда буд, бо футболбоз шартномаи ҳамкорӣ баст. Салоҳиддин Иргашев аввали соли 2023 ба ҳайати «Истиқлол» шомил шуда буд ва соли гузаштара ба таври иҷора дар ҳайати «Вахш» сипарӣ намуд.
КФ «Истиқлол» ба Салоҳиддин Иргашев дар фаъолияти ояндааш муваффақиятҳои навро таманно менамояд!