Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«ИСТИКЛОЛ» ДАР СУҒД МАКТАБИ ФУТБОЛ МЕКУШОЯД

14.02.2025 19:40

ДАСТАИ «ИСТИҚЛОЛ»-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҒАЙР АЗ ОН КИ БОШГОҲИ ПЕШСАФ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН АСТ, ИНЧУНИН БАРОИ ОМОДА НАМУДАНИ БОЗИГАРОНИ КАСБӢ ЧОРАҲОИ ЗАРУРИРО АМАЛӢ МЕНАМОЯД.

Ин навбат роҳбарияти даста баҳри рушди футбол дар қаламрави кишвар тасмим гирифт дар вилояти Суғд намояндагии Академияи худро ифтитоҳ намояд.

Тими пойтахт аввалин қадами таърихӣ гузошта, франшизаи расмии Академияи футболи худро ба роҳ монд. Бо ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ миёни клуби футболи «Истиқлол» ва ширкати ватании «Истиқлол-Гурӯҳ», ки дар соҳаи сохтмони биноҳои баландошёна тахассус дорад,  ин иқдоми нек амалӣ мегардад.

Акнун таҳти бренди «Истиқлол» Академияи  футболи кӯдаконаи нав кушода мешаванд, ки дар онҳо бозингарони наврас метавонанд бо усулҳои пешрафта тамрин намоянд.

Ҳадафи аосии лоиҳа пеш аз ҳама, рушди футболи кӯдакона ва наврасон, инчунин такмили рафтору кирдори нек, хислатҳои  варзишӣ ва тарбияи насли наврас мебошад.

РАСМhttps://t.me/fcistiklol2007/30587

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
  
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj