ПИРУЗИИ КАЛОН ДАР ҶОМИ ФФТ
30.01.2025 18:10
«ИСТИҚЛОЛ» ДАР ДАВРИ ЧОРУМИ МАРҲИЛАИ МУҚАДДАМОТИИ ҶОМИ ФФТ ПИРӮЗ ГАРДИД.
Тими пойтахт дар даври мазкур бо дастаи «Ҳулбук» вориди майдон гашта, бо натиҷаи калони 5:0 зафар ёфт. Дар вохурии ниҳоии мусобиқоти пеш аз мавсим, «Истиқлол» рӯзӣ 2 феврал бо дастаи «Барқчӣ» вомехурад.
ҶОМИ ФФТ. МАРҲИЛАИ МУҚАДДАМОТӢ. МИНТАҚАИ ДУШАНБЕ
Даври 4-ум. Гурӯҳи «В»
«Ҳулбук» - «Истиқлол» - 0:5
Голҳо: Денис Беганович, 8 (0:1). Муҳаммадҷон Раҳимов, 17 (0:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 21 (0:3). Манучеҳр Ҷалилов, 46 (0:4). Рустам Камолов, 54 (0:5).
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»).
Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).
30 январ. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.