«ИСТИҚЛОЛ» БО ДУ ҲИМОЯТГАР ХАЙРУХУШ НАМУД
20.01.2025 16:10
БОШГОҲИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ТАСМИМ ГИРИФТ, КИ БО ДУ ФУТБОЛБОЗИ ЛЕГИОНЕР ШАРТНОМАИ ҲАМКОРИРО ТАМДИД НАНАМОЯД.
Қаҳрамони бисёркартаи мамлакат «Истиқлол»-и Душанбе ба қароре омад, ки ҳамкориро бо ду бозингари хориҷӣ қатъ намояд. Бо ба анҷом расидани қарордоди ҳамкорӣ, дастаро ду футболбози хати ҳимоя – Кейта Сузукии ҷопонӣ ва Мэтю Миллари австралиягӣ тарк намуданд.
КФ «Истиқлол» ба ҳар ду футболбозон барои бозиашон дар ҳайати даста самимона арзи сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти ояндаи футболиашон муваффақиятҳои калон орзу менамояд!