АНҶОМИ ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ДАСТАИ ФУТЗАЛ
14.01.2025 21:50
ШОМИ ИМРӮЗ БО БАРГУЗОР НАМУДАНИ ТАМРИНИ НИҲОӢ ДАР ТОЛОРИ БАДАНСОЗӢ, ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИЮ-ОМӮЗИШИИ ДАСТАИ ФУТЗАЛИ «ИСТИҚЛОЛ» БА АНҶОМ РАСИД.
Тули як ҳафта, футзалбозони мо барои омода шудан ба бозиҳои марҳилаи дуюми Суперлигаи футзал дар як рӯз ду бор тамрин намуданд. Санаи 18 январ дар бозии нахустини марҳилаи дуюм, «Истиқлол» дар «Кохи Олимп» дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷандро қабул менамояд.