БОЗДИД АЗ БЕМОРХОНАИ САРАТОНШИНОСИИ КӮДАКОНА
19.12.2024 17:50
КЛУБИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА ШАРИКИ ДАСТА ШИРКАТИ «ОРИЁ» ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «ИСТИҚЛОЛ ВА ДӮСТОН» АЗ БЕМОРХОНАИ САРАТОНШИНОСИИ КӮДАКОНА ДИДАН НАМУДА, МЕҲРУБОНИ БЕМОРОНИ ХУРДСОЛ ГАРДИДАНД.
Дар фазои гарми пур аз табассум ва умед сарвони даста Алишер Ҷалилов ва намояндагони бошгоҳ ба кӯдаконе, ки ин лаҳзаро бесаброна интизор буданд, тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.
Ҳар як туҳфа рамзи ғамхорӣ ва дастгирӣ гардид, ки шодӣ ва эҳсосоти мусбӣ мебахшад. Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ на танҳо шод кардани кӯдакон, балки ба онҳо қувват ва эътимод бахшидан ба мубориза бо ин беморӣ мебошад.
Дастгирии тарафайн ва гарму самимӣ, ки дар ин рӯз нишон дода шуд, бори дигар тасдиқ кард, ки кувваи хакикии клуби футбол на танхо дар комёбихои варзишӣ, балки дар сайъу кушиши ба макони хубтар табдил додани ҷахон низ мебошад.