ШЕРВОНӢ МАБАТШОЕВ: «ДАСТГИРИИ МУХЛИСОН ҲАМЕША ИЛҲОМБАХШ АСТ»
18.11.2024 17:30
Нимҳимоятгари тими "Истиқлол" ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Шервонӣ Мабатшоев дар бораи омодагии даста ба бозии дӯстона муқобили тими миллии Афғонистон ибрози андеша кард.
Шервонӣ МАБАТШОЕВ, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон:
– Ҳамаи бачаҳо бо табъи болида, некбинона, ҳамдигарро дастгирӣ намуда, ба бозӣ тайёрӣ мебинанд. Фазо дар коллектив хеле хуб аст. Бозигарон мақсад мегузоранд, ки дар ҳар як бозӣ ғалаба кунанд. Мунтахаби Афғонистон рақиби қавӣ аст, онҳо бозигарони ботаҷрибае доранд, ки дар бошгоҳҳои Аврупо баромад мекунанд. Дар ин вохӯрӣ мо танҳо барои ғалаба мубориза хоҳем бурд.
Оё ман дар бораи анҷом додани хет-трик дар дидори интизор фикр мекунам? Барои ман чизи асосӣ ин аст, ки даста ғалаба кунад. Фарқ надорад, ки кӣ гол мезанад, муҳим натиҷа мебошад.
Аз фурсат истифода бурда, аз номи тамоми даста мухлисонро ба варзишгоҳ даъват менамоям. Дастгирии мухлисон ҳамеша ба бозигарон эҳсосот ва қуввати иловагӣ мебахшад.