АМИРБЕК ҶӮРАБОЕВ: «БОВАРИИ МУХЛИСОНРО БОЯД БАРГАРДОНЕМ»
12.11.2024 20:00
Нимҳимоятгари «Истиқлол» ва тими миллии Тоҷикистон Амирбек Ҷӯрабоев дар остонаи бозии дӯстона бо тими миллии Непал, ки рӯзи 13 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, аз мухлисон даъват кард, ки дастаро дастгирӣ кунанд.
Амирбек ҶӮРАБОЕВ, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон:
– Пас аз баромади муваффақона дар Ҷоми Осиё-2023, ки ба марҳилаи чорякниҳоӣ баромадем, дастаи мо чанд бозии нобарор дошт ва ҳоло бояд боварии мухлисонро дубора баргардонем. Муддати дароз бо ҳам наомада будем. Ҳоло ҳама омода буда, барои нишон додани худ майл доранд ва мехоҳанд мубориза баранд. Дар вохӯриҳои рафиқона мо мехоҳем бо натиҷаи хуб мухлисонро шод гардонем. Дастгирии мухлисон барои мо хеле муҳим аст.