ҶАЛАСАИ ТАДОРУКОТИИ БОЗИИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА «АЛ-ВАҲДАТ» ДОИР ГАРДИД
21.10.2024 13:20
ИМРӮЗ ДАР АРАФАИ БАРГУЗОРИИ РАҚОБАТИ ДАВРИ СЕЮМИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИИ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ МИЁНИ ДАСТАҲОИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА «АЛ-ВАҲДАТ» БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДАСТАҲО ВА ШАХСОНИ РАСМИИ БОЗӢ ҶАЛАСАИ ТАДОРУКОТӢ ДОИР ГАРДИД.
Дар ҷаласа масъалаҳои умумии ташкилии бозии дарпешистода баррасӣ гардида, ранги сару либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд. «Истиқлол» ҳамчун мизбони рақобат барои бозӣ ранги сурху сиёҳ ва «Ал-Ваҳдат» ранги сабзро истифода мебаранд.