Ба тоҷикӣ  На русском In English 

МЕҲРУБОН ОДИЛЗОДА - МУАЛЛИФИ ДУБЛ ДАР БОЗӢ БО МАЛАЙЗИЯ

15.10.2024 21:30

Имрӯз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо ҳамсолони худ аз Малайзия бозии санҷишӣ анҷом дод, ки бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид

Меҳрубон Одилзода - нимҳтмоятгари ҳайати ҷавонони «Истиқлол» тавонист, ки дар ин дидор ба номи худ  дубл сабт намояд.  18 октябр тимҳои наврасони Малайзия ва Тоҷикистон  бозии дуюми санҷишии худро доир мекунанд. Дар марҳилаи  интихобии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «J» бо дастаҳои Гуам (23 октябр), Сингапур (25 октябр) ва Уммон (27 октябр) рақобат мекунад.  Бозиҳои даври интихобӣ дар Сингапур баргузор мешаванд. Қайд менамоем, ки ба ҳайати тими наврасони Тоҷикистон 8 нафар футболбози ҳайати ҷавонони тими «Истиқлол» ҷалб шудаанд.

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2024. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj