Ба тоҷикӣ  На русском In English 

АВАЛЛИН БОР ДАР ТАЪРИХИ ДАСТА!

12.10.2024 23:30

ТИМИ ФУТЗАЛИ «ИСТИҚЛОЛ» СОҲИБИ АБАРҶОМИ ТОҶИКИСТОН ШУД!

Чун анъана мавсими нави футзали мамлакат бо бозии Суперҷоми Тоҷикистон оғоз шуд.  Дар рақобат баҳри ба даст овардани Ҷом қаҳрамони феълии мамлакат «Истиқлол» ва барандаи медалҳои нуқраи Суперлига «Соро компания» андари майдон шуданд. Бозӣ, чи хеле ки мухлисон интизор доштанд, хеле шадид ва шавқовар сипарӣ гашта, бо пирӯзии дастаи «Истиқлол» бо бартарии як туб - 4:3 ба поён расид. 

Ҳамин тавр, дастаи футзали «Истиқлол» пас аз ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ ҳамакнун барандаи Суперҷоми кишвар гашт. 

СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТЗАЛ-2024
«ИСТИҚЛОЛ» - «СОРО КОМПАНИЯ» - 4:3

Голҳо:
Рустам Ҳамидов, Муҳаммад Шарипов, Абдуқаюм Умаров, Шавкат Ҳалимов - Самандар  Ризомов-2, Файзалӣ Сардоров.
Беҳтарин бозингарӣ вохурӣ: Рустам Ҳамидов («Истиқлол»). 
12 октябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии кумитаи андози ҶТ.  2000 тамошобин.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/28483?single

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/28499

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/28504

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2024. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj