Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ИГОР ЧЕРЕВЧЕНКО - САРМУРАББИИ НАВИ «ИСТИҚЛОЛ»!

04.10.2024 19:50

БО ҚАРОРИ РОҲБАРИЯТИ КЛУБИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ИГОР ЧЕРЕВЧЕНКО БА ВАЗИФАИ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТА ТАЪИН КАРДА ШУД!

Мутахассиси маъруф имрӯз ба футболбозон ва маъмурияти даста муаррифӣ  карда шуд ва аввалин тамринро пас аз бозгашт ба  «Истиқлол»  баргузор намуд.   Дар якҷоягӣ бо Червеченко ба «Истиқлол»  Юрий Батуренко  баргашт, ки вазифаи ёвари аввали сармураббиро иҷро хоҳад намуд. Ҳамчунин ба ситоди  мураббиёни «Истиқлол»  Алишер Тухтаев, Дилшод Восиев ва Дмитрий Тяпушкин ворид шуданд. 

Лозим ба ёдоварист, ки Игор Черевченко таҷрибаи кориро  дар  «Истиқлол»  дорад.  Дар мавсими гузашта  даста  зери роҳбарии ӯ  унвони қаҳрамони кишварро соҳиб шуда, инчунин   Ҷоми мамлакатро ба даст оварда буд.

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2024. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj