Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«ИСТИҚЛОЛ» - «ШАРҶА»: ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗӢ ДОИР ГАРДИД

16.09.2024 13:30

ИМРӮЗ ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ТАШКИЛИИ ВОХУРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ ОСИЁ-2024/25 МИЁНИ ДАСТАҲОИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА «ШАРҶА» БАРГУЗОР ГАРДИД.

Дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, намояндагони дастаҳои «Истиклол», «Шарҷа», кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дигар масъулин  масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохурии дарпешистода баррасӣ шуд. Мизбонони рақобат футболбозони «Истиқлол» бо пироҳанҳои сурху сиёҳ ва дастаи меҳмон бо либосҳои сафед ба майдон мебароянд.
 
Вохӯрии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2024/25 миёни дастаҳои «Истиклол»-и Тоҷикистон ва  «Шарҷа»-и Аморати Муттаҳидаи Араб  фардо, 17 сентябр,  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 21:00. 

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/27921

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2024. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj