Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ФУРӮШИ ЧИПТАҲО БА БОЗИИ «ИСТИҚЛОЛ» – «ШАРҶА» ОҒОЗ ГАРДИД!

10.09.2024 15:30

ЧИПТАҲО ДАР ХАЗИНАИ ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ҶУМҲУРИЯВИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА ДАР МАҒОЗАИ РАСМИИ ДАСТА БО СУРОҒАИ: ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ХИЁБОНИ РӮДАКӢ-85 ФУРӮХТА МЕШАВАНД.

Чиптаҳои ин бозӣ дар се  категория пешкаш карда мешаванд.  Нархи чипта барои категорияи якум  минбари асосӣ (бахшҳои 1.2.3.4) 50 сомониро ташкил медиҳад. Барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи ҳар чиптаи категорияи дуюм 20 сомонӣ муқаррар шудааст. Нархи чиптаи VIP бошад 200 сомонӣ нархгузорӣ шудааст. 

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии даври аввали  марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2024/25 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва  «Шарҷа»-и  Аморати Муттаҳидаи Араб   рӯзи 17 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 21:00. 

Барои маълумоти бештар метавонед ба рақами +992 918 37 11 85 занг занед
  

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2024. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj