НИКОЛА ЛАЗАРЕВИЧ - БЕҲТАРИН МУРАББИИ МОҲ!
04.07.2024 22:30
САРМУРАБИИ «ИСТИҚЛОЛ» НИКОЛА ЛАЗАРЕВИЧ БЕҲТАРИН МУРАББИИ МОҲИ ИЮН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ДОНИСТА ШУД.
«Истиқлол» зери роҳбарии ӯ дар чор бозӣ 12 имтиёз ба даст оварда, пешсафии ҷадвалро нигоҳ медорад. Лигаи футболи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаро бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ қадрдонӣ менамояд. Қайд менамоем, ки Лазаревич моҳи апрел низ беҳтарин мураббии лигаи олӣ эътироф гардида буд.