Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«Истиқлол» 1000-ум голи худро дар лигаи олӣ ба самар расонд!

19.06.2024 23:30

Дар бозии мавқуфмондаи даври 8-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон бо тими «Барқчӣ» (9:1) «Истиқлол» ба задани голи 1000-уми худ дар лигаи олии чемпионати Тоҷикистон даст ёфт.

Муаллифи голи ҷашнӣ Эҳсони Панҷшанбе гардид, ки дар дақиқаи 21-ум тубро ба дарвозаи ҳариф ворид намуд.  Барои ба даст овардани ин натиҷа, ба дастаи пойтахт  лозим омад, ки 347 бозиро анҷом диҳад.

 Пас аз анҷоми бозӣ шарики даста ширкати «Ориё» Эҳсонро бо ҷоизаи махсус қадрдонӣ намуд. 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2024. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj