Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«Истиқлол» дар дербии Душанбе зафар ёфт!

16.06.2024 21:30

Дербии шаҳри Душанбе ба фоидаи «Истиқлол» анҷом ёфт

Дар вохурии марказии даври 10-уми чеипионати мамлакат «Истиқлол» бар дастаи КМВА бо натиҷаи 2:0 дастболо гашта, пирӯзии ҳаштуми пайҳами худро ба даст овард. Ҳарду голро дар ин дидор  ба номи худ Манучеҳр Ҷалилов сабт намуд, ки беҳтарин бозингарӣ вохурӣ эътироф гардид. Санаи  19 июн, «Истиқлол» дар бозии мавқуфмондаи даври 8-ум бо тими «Барқчӣ» вомехурад. 

Чемпионати Тоҷикистон. Даври 10-ум
«Истиклол» - КМВА – 2:0
Голҳо:
Манучеҳр Ҷалилов, 71 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 79 (2:0). 
«Истиқлол»: Муҳриддин Ҳасанов, Иван Новселетс, Амирбек Ҷурабоев, Кейта Сузуки (Аҳтам Назаров, 90+1),  Табрез Исломов, Денис Беганович, Мурило Соуза (Эҳсон Панҷшанбе, 65), Амадони Камолов (Кабир Салимшоев, 90+1), Алишер Ҷалилов, Шервони Мабатшоев, Блессинг Элеке (Манучеҳр Ҷалилов, 65).  
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»). 
Корти зард: Кейта Сузуки, Алишер Ҷалилов, Иван Новоселетс («Истиқлол»), Анани Ҷулиус Кваси, Шаҳбоз Ҳабибов, Комрон Иброҳимов, Комрони Мирзохон (КМВА).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Нозири доварон: Рустам Абдуллоев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
16 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/26442

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2024. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj