Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Дар бозии «Истиқлол» ва КМВА 9 гол ба қайд гирифта шуд!

14.06.2024 20:30

Дар вохурии ҳайатҳои ҷавонони «Истиқлол» ва КМВА, дкстаҳо дар умум 9 гол ба дарвозаи ҳамдигар заданд.

Ин рақобати диданӣ ва ҷолиб бо бартарии як гол - 5:4 ба фоидаи ҷавонони «Истиқлол» ба анҷом расид.  Қайд кардан ба маврид аст, ки ин бозиро гурӯҳи бонудоварон бо роҳбарии Нодира  Мирзоева ҳакамӣ намуд. 

Мусобиқоти ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ. Даври 10-ум
«Истиқлол» - КМВА - 5:4
Голҳо:
  Шаҳбоз Ҳабибов, 27 (0:1). Меҳрон Мадаминов, 45+3 (1:1).  Фирузҷон Шарипов, 60 (2:1). Фирузҷон Шарипов, 67 (3:1).  Муҳамадиқбол Давлатов, 73 (3:2). Ҳусейнҷон Қурбонов, 79 (4:2). Муҳаммад Назриев, 84 (5:2).  Шаҳбоз Ҳабибов, 90+1 (5:3). Сайдалӣ Иброҳимзода, 90+4 (5:4). 
Беҳтарин бозингари вохурӣ:  Фирузҷон Шарипов («Истиқлол»). 
Сардовар:  Нодира Мирзоева (Душанбе). 
14 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.  500 тамошобин.

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/26417

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2024. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj