УЧАСТИЕ В ПРЕДМАТЧЕВОЙ ПРЕСС-КОНФЕРЕНЦИИ
02.12.2024 16:06
ГЛАВНЫЙ ТРЕНЕР "ИСТИКЛОЛА" ИГОРЬ ЧЕРЕВЧЕНКО И ЗАЩИТНИК КОМАНДЫ АМИОБЕК ДЖУРАБОЕВ ПРИНЯЛИ УЧАСТИЕ В ПРЕДМАТЧЕВОЙ ПРЕСС-КОНФЕРЕНЦИИ, ПОСВЯЩЕННЫЙ К МАТЧУ С ИРАНСКИМ "СЕПАХАНОМ".
ИГОР ЧЕРЕВЧЕНКО, САРМУРАББИИ ДАСТАИ «ИСТИҚЛОЛ» ;
- Дар даста руҳияи хуб аст. Бозии ҳарифро таҳлил кардем, медонем, ки имкони ба даври баъдӣ баромаданро доранд ва барои расидан ба ҳадаф муборизаи шадид мебаранд.
Рақобат мушкил ва шавқовар хоҳад буд. Боварӣ дорам, ки дар бозии охир бачаҳо бо тамоми ҳастӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Аз фурсат истифода бурда ҳамаи мухсилони азизро ба ин рақобат даъват менамоям. Умедворам, ки дар ин бозӣ табъи бинандагон ва мухлисонро шод мегардонем.
АМИРБЕК ҶӮРАБОЕВ, ҲИМОЯТГАРИ ДАСТАИ «ИСТИҚЛОЛ»;
- Ин охирин бозии мо дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё аст. Ҳаракат мекунем, ки дар майдони худ имтиёз ба даст оварда, мухлисонро шод гардонем. «Сипоҳон» дастаи пурқувват аст, дар ҷадвали чемпионати Эрон зинаи аввалро ишғол мекунад. Мо талош мекунем, ки барои раддабандии КФО имтиёз соҳиб шавем.
Масъулиятро ҳамаи бозигарон эҳсос мекунанд, ҳама дарк кардаанд, ки то кадом андоза натиҷаи мусбат муҳим аст. Мухлисонро барои дастгирӣ ба варзишгоҳ даъват менамоем. Мо ба дастгирии онҳо ниёз дорем.