АЛИШЕР ҶАЛИЛОВ: «МЕТАВОНИСТЕМ БОЗ ҲАМ ХУБТАР ҲУНАРНАМОӢ НАМОЕМ»
06.12.2023 16:05
САРВОНИ ДАСТАИ «ИСТИҚЛОЛ» АЛИШЕР ҶАЛИЛОВ, КИ ДАР ВОХУРӢ БО ДАСТАИ «АЛ-НАСР» БЕҲТАРИН БОЗИНГАРИ ДИДОР ДОНИСТА ШУД, АНДЕШАҲОИ ХУДРО ПИРОМУНИ ИН РАҚОБАТ ЧУНИН ИБРОЗ НАМУД:
- Ташаккури зиёд мегӯям ба мухлисон ва ҳаводорони футбол барои дастгирии самимиашон. Ба фикрам бозии хело хуб буд. Метавонистем боз ҳам хубтар ҳунарнамоӣ намоем, вале афсус, ки ин кор ба мо даст надод. Дастаҳои хеле пурқувват бо мо дар рақобат буданд, маҳз аз ҳамин сабаб ба мо мушкилтар буд бо онҳо бозӣ кардан. Фикр мекунам натиҷаи бозӣ бо “Ал-Наср” қаноатбахш аст.