Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«ИСТИҚЛОЛ» БОЗИИ ПАНҶУМИ ХУДРО ДАР ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО БАРГУЗОР НАМУД

27.11.2023 23:47

ДАР ДОИРАИ ДАВРИ ПАНЧУМИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИИ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24 ДАР ШАҲРИ ДОҲА ВОХУРИИ ДАСТАҲОИ «АЛ-ДУҲАЙЛ” ВА “ИСТИҚЛОЛ” БАРГУЗОР ГАРДИД.

Дидори мазкур бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи футболбозони қатарӣ ба поён расид. Ҳарду голҳои соҳибони майдонро легионери кениягӣ Майкл Олунга ба самар расонид. Бозии ояндаи худро дар ин мусобиқот дастаи “Истиқлол” санаи 5 декабр доир менамояд. Дар ин рӯз “Истиклол” дар майдони худ тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудиро қабул менамояд. Оғози бозӣ соати 21:00.

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО-2023/24
МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ. ДАВРИ 5-УМ

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 2:0
Голҳо
: Майкл Олунга, 47 (1:0). Майкл Олунга, 89 (2:0).  
«Истиқлол»: Рустам Ятимов, Аҳтам Назаров (Табрез Исломов, 86), Содиқҷон Қурбонов, Седрик Гогуа (Шаҳром Сулаймонов, 86), Иван Новоселетс, Ромиш Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Денис Беганович, Амадони Камолов, Алишер Ҷалилов, Сенин Себай (Шервони Мабатшоев, 46).
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Майкл Олунга («Ал-Дуҳайл»). 
Корти зард: Ассим Мадибо, Шеҳаб Мамду, Али Ал-Моиз («Ал-Дуҳайл»), Сенин Себай, Алиҷон Кароматуллозода («Истиқлол»).
Корти сурх: Рубен Семеду, 90+5 («Ал-Дуҳайл»). 
Сардовар: Муҳаммад  Назми Насаруддин (Малайзия).
Нозири доварон: Абдулкарим Авн (Урдун).
Комиссари бозӣ: Валид Муҳаммад Тоҳир (АМА).
27 ноябр. Доха (Қатар). Варзишгоҳи ба номи Абдулло бин Халифа.

“АЛ-НАСР” (АРАБИСТОНИ САУДӢ) – «ПЕРСЕПОЛИС» (ЭРОН) – 0:0

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/23989

ФОТОhttps://t.me/fcistiklol2007/23999

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj